СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Бахшида ба он «Телевизиони Сафина» озмуни «Беҳтарин филми мустанад» доир намуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба амалисозии ташаббуси панҷуми байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, тибқи он байни кормандони муассиса барои таҳияи «Беҳтарин филми мустанад» озмун эълон гардид. Ин матлабро директори муассиса Садриддин Шамсуддинзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин озмун 3 филми мустанад, аз ҷумла «Пиряхҳо», «Сарвати башарӣ», «Ванҷях» аз ҷониби муҳаррирони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» пешниҳод гардид, ки ғолибони он рӯзҳои наздик қадрдонӣ мешаванд.
Ба иттилои директори «Телевизиони Сафина», дар барномаҳои телевизион суҳбату вохӯриҳо бо олимону донишмандон ва мутахассисони соҳа оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуда, зарурати ин тадбирҳо ба омма фаҳмонида мешавад.
«Боиси ифтихор аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд ташаббусе, ки пешниҳод шуд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Махсусан дар Тоҷикистон баргузор шудани чанд конфронсу чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бо иштироки роҳбарони созмону ташкилоти байналмилалӣ қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мебошад», — гуфт директори муассиса.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад






