Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ байни Тоҷикистон ва Саксония баррасӣ шуд

Январь 24, 2025 10:42

ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар шаҳри Фрайберг бо Роҳбари Хадамоти назорати коркарди маъданҳои кӯҳӣ дар музофоти Саксония Бернҳард Крамер мулоқот анҷом дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Саксонияро дар соҳаи кӯҳкорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон бо проректори Академияи саноати кӯҳии Донишгоҳи техникии Фрайберг (TUBAF), профессор, доктор Тобиас Фибек мулоқот намуд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими равобити байнидонишгоҳӣ дар анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва амалинамоии иқдоми муштарак барои таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон дар ин муассисаи илмӣ ба мувофиқа расиданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон

Январь 24, 2025 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард