ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 январ, чоршанбе, 15-умин рӯзи соли 2025 аст

Январь 15, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1892 омӯзгори канадагӣ-амрикоӣ Ҷеймс Нейсмит аввалин маротиба қоидаҳои бозии баскетболро дар рӯзномаи мактабӣ ба нашр расонид.

***

Дар ин рӯзи соли 2001 «Википедия»- яъне Донишномаи озод ташкил шуд.

***

15 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон вохӯрӣ намуданд.

***

15 январи соли 2010 чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ-клуби футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барои иштирок дар мусобиқоти XVIII байналмилалӣ оид ба футбол ва дарёфти «Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика» ба шаҳри Москваи Русия сафар намуд.

***

Соли 2011 раъйпурсӣ ба хотири истиқлоли Судони Ҷанубӣ,  ки 9 январ оғоз гардида буд, ба охир расид.

***

12 сол пеш, 15  январи соли 2013 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки рушди чорводорию парандапарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ низ таъмин шавад.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Рустами Эмомалӣ аз  нав ба муҳлати чор сол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд.

***

15 январи соли 2018 масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон  дар соҳаи  мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти нави COVID-19 парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон барқарор гардиданд.

15 ЯНВАР:

Рӯзи эътирофи байналмилалии Хорватия.

***

Дар Урдун -Рӯзи дарахтон.

Январь 15, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид