ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 январ, якшанбе, 19-умин рӯзи соли 2025 аст

Январь 19, 2025 08:00

19 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Маркази нави омӯзишӣ дар назди Институти такмили ихтисос барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

12 сол пеш, 19 январи соли 2013 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-21) дар даври аввал- гурӯҳи «А»-и мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дастаи Эстонияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд.

***

Соли 2016 дар Ҷопон дар синни 112 куҳансолтарин сокини сайёра Ясутаро Коидэ вафот намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар арафаи 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «25-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

***

Соли 2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар рейтинги нави ФИФА зинаи 126-умро соҳиб гардид.

*** 

19 январи соли 2021 дар вилояти Хатлон нашрияи махсус таҳти унвони «Ғунчаҳои Хатлон» барои кӯдакону наврасон таъсис дода шуд.

*** 

Дар ин рӯзи соли 2022 донишҷӯёни ансамбли созҳои халқии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов  дар озмуни III байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавӣ таҳти унвони «УРАЛ–ИЛЕ», ки дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия доир шуд, соҳиби ҷойи аввал гардиданд.

***

19 январи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва аксу нигораҳои Тоҷикистон дар доираи барномаи фарҳангӣ дар бинои Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ дар Брюссел ба муносибати таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо зери унвони «Пайваст аз тариқи Роҳи Абрешим» муаррифӣ гардиданд.

19 ЯНВАР:

Дар Беларус – Рӯзи наҷотдиҳандагон.

***

Дар Исландия – Рӯзи ҳамсар.

Январь 19, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш