ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 январ, чоршанбе, 8-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар ин рӯзи соли 1861 дар Империяи Русия аввалин шумораи рӯзномаи «Вокруг света» («Дар гирди ҷаҳон») нашр шуд.
***
8 январи соли 1912 Конгресси миллии Африқо таъсис дода шуд.
***
64 сол муқаддам, 8 январи соли 1961 фаронсавиҳо дар раъйпурсӣ барои таъмини истиқлоли Алҷазоир овоз доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар пойтахти Салвадор қариб баъди ним асри танаффус Сафорати Куба ифтитоҳ шуд.
***
8 январи соли 2013 лоиҳаи «Кумаки техникӣ оид ба дастгирии ислоҳоти тандурустӣ дар Тоҷикистон» оғоз гардид.
***
8 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
***
10 сол пеш, 8 январи соли 2015 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи хиёнаткоронаи террористӣ ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Шарли Эбдо» дар Париж, ки 12 нафар ба ҳалокат расиданд, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи таслият ирсол намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар самти мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ муҳокима гардид.
***
Соли 2018 Лигаи футболи Тоҷикистон сомонаи расмии интернетии худро бо суроғаи www.tfl.tj ва www.flt.tj ифтитоҳ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо фаъолияти коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд», ки асосан ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир машғуланд, шинос шуданд.
***
8 январи соли 2022 маросими ба анҷом расидани намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид.
8 ЯНВАР:
Дар Арманистон- Рӯзи донорҳо.