Тақвияти ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба сукунат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Директори иҷроияи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба сукунат (UN-Habitat) хонум Ана Клаудия Маринейру Сентену Росбах мулоқот анҷом дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо роҷеъ ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди устувори шаҳрӣ мубодилаи афкор намуда, зарурати суръатбахшии татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), бахусус дар самти устувории шаҳрҳо, рушди инфрасохтор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро таъкид карданд.
Зимни мулоқот Намояндаи доимӣ оид ба дастовардҳои шаҳри Душанбе дар рушди устувори шаҳрӣ, аз ҷумла муаррифии Шарҳи ихтиёрии маҳаллӣ дар Форуми 12-уми ҷаҳонии шаҳрҳо дар Қоҳира маълумот дода, аҳаммияти ҷалби UN-Habitat-ро ба татбиқи стратегияи шаҳрии Тоҷикистон ва ширкат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе (29–31 майи 2025) таъкид намуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо барои густариши ҳамкории техникӣ ва татбиқи ташаббусҳои тақвияти иқтидор ба инфрасохтори устувори шаҳрӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






