«Тоҷик Эйр» бо фаъолгардонии парвозҳо дар хатсайрҳои маҳаллӣ рафтуомади шаҳрвандонро осон мегардонад

Январь 27, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 27.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои 2024-2025 бо дастгирии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» се хатсайри  маҳаллӣ барқарор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фаъол гардонидани парвозҳо дар  хатсайрҳои маҳаллӣ аз ҷониби «Тоҷик Эйр»  ба осон гардонидани   рафтуомади шаҳрвандон ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Аз ҷумла, 3 октябри соли 2024 дар хатсайри Душанбе – Хоруғ, 15 январи соли 2025 дар хатсайри Душанбе – Кӯлоб, 24 январи соли 2025 дар хатсайри Душанбе – Панҷакент аз ҷониби «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазам оғоз гардиданд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки дар оянда  парвозҳоро ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъол намояд, ки  ин ба осон ва бехатар сафар намудани мусофирон мусоидат менамояд.

Ифтитоҳи хатсайрҳои маҳаллӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат  нақши муассир мегузорад. Бояд тазаккур дод, ки 24 январ  нахустин парвози ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Панҷакент аз ҷониби  ширкати ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» тавассути ҳавопаймои АН-28  фаъол гардид. Нархи чипта дар масири  Душанбе-Панҷакент 400 сомонӣ буда, давомнокии  парвоз 40-45 даққиқаро дар бар мегирад. Парвоз дар масири  Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе бо мусоид будани  боду ҳаво анҷом дода мешавад.

 АКС аз манбаъҳои боз

Январь 27, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд