Тоҷикистон ва Эрон дар самти муқовимат ба коррупсия ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Январь 17, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 17.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 январ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштирок ва дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади  нави ҳамкорӣ табодул карда шуд.

Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти генералии нозиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад.

Санади ҳамкорӣ аз ҷониби Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Аббос Аракчӣ табодул карда шуд.

Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ёддошти мазкур бо назардошти эътироф намудани асосҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ, баробарӣ ва манфиатҳои ҳарду давлати дӯсту бародар ба имзо расида, иқдоми саривақтӣ ва мақсаднок ба ҳисоб меравад.

Изҳори итминон карда шуд, ки густариши ҳамкории мутақобили судманд ва тақвият бахшидани фаъолият байни мақомоти марбута дар самти муқовимат ба коррупсия дар оянда ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду давлат ва паст кардани шиддати ин зуҳурот шароити мусоидат фароҳам меоварад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 17, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд