Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Созмони исломии амнияти озуқаворӣ ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона равон намуданд
ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми башардӯстонаи давлатҳои азъои Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS), аз қабили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, ки дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти хайриявии Подшоҳии Ҳошимии Урдун (JHCO) амалӣ карда мешавад, бо мақсади кумак ба мардуми Ғазза барои бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо ба он минтақа 200 тонна орди аълосифат фиристода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Интизор меравад, ки корвони кумаки башардӯстона рӯзҳои наздик ба гузаргоҳи сарҳадии Керем Шалом/Карам Абу Салем мерасад ва дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (WFP) ва дигар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид барои интиқоли бехатари кумакҳо тақрибан ба 8 ҳазор хонавода дар таъмини ғизо мусоидат мекунад.
Бояд таъкид намуд, ки дар аввали соли 2024 Созмони исломии амнияти озуқаворӣ барои мубориза бо хатари гуруснагӣ дар навори Ғазза бо интишори як даъвати изтирорӣ барномаи «Орд барои башарият»-ро амалӣ намуд.
АКС: Арсен Утешев / Kazinform








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






