Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Созмони исломии амнияти озуқаворӣ ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона равон намуданд

Январь 22, 2025 08:45

ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми башардӯстонаи давлатҳои азъои Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS), аз қабили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, ки дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти хайриявии Подшоҳии Ҳошимии Урдун (JHCO) амалӣ карда мешавад, бо мақсади кумак ба мардуми Ғазза барои бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо ба он минтақа 200 тонна орди аълосифат  фиристода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Интизор меравад, ки корвони кумаки башардӯстона рӯзҳои наздик ба гузаргоҳи сарҳадии Керем Шалом/Карам Абу Салем мерасад ва дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (WFP) ва дигар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид барои интиқоли бехатари кумакҳо тақрибан ба 8 ҳазор хонавода дар таъмини ғизо мусоидат мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки дар аввали соли 2024 Созмони исломии амнияти озуқаворӣ барои мубориза бо хатари гуруснагӣ дар навори Ғазза бо интишори як даъвати изтирорӣ барномаи «Орд барои башарият»-ро амалӣ намуд.

АКС: Арсен Утешев / Kazinform

Январь 22, 2025 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад