Тоҷикистон ва Уммон ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сайёҳӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ дар шаҳри Масқат мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Уммон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Бадр бин Ҳамад бин Ҳаммуд ал- Бусаидӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистон ва Уммон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо инчунин атрофи омодагӣ ба танзими чорабиниҳои муштараки дарпешистода, аз ҷумла баргузори сафарҳои сатҳи баланду олӣ табодули афкор намуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






