ТО ШАБАКАҲОИ 5G ИНКИШОФ ДОДАНИ ИНФРАСОХТОРИ РАҚАМӢ. Ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ тақвияти кор дар чанд самти асосӣ таъкид гардид

Январь 2, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 02.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот. Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ. Чунин дастур дода шуд дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024.

«Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ. Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ. Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот. Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ», — тазаккур доданд Президенти мамлакат.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт аз ҷониби Сарвари давлат солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид. Ҳамчунин дар ин робита, пешниҳод гардид, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 2, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид