Вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 январ дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода бо занони фаъол, роҳбарони сохторҳои маҳаллии кумита ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии занон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои муҳимми раванди интихобот, нақши интихобот дар таъмини сулҳу субот ва ҳамгироии ҷомеа, иштироки занон дар интихобот, баробарӣ дар татбиқи ҳуқуқи интихоботӣ, нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ва дигар мавзуъҳои ба ин масъала дахлдор суҳбат намуданд.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки занону духтарон дар раванди интихобот аз ҳуқуқи фаъол ва ҳам ғайрифаъоли интихоботӣ баҳраманд ҳастанд. Пешбарии номзадҳо тавассути рӯйхати ҳизбӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ далели он аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ ба масъалаи пешбарии занон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Ин нишонаи эътирофи мавқеъ ва нақши созандаи занон дар ҷомеа мебошад.
Аъзои Комиссияи марказӣ вобаста ба масъалаи занон ва интихобот ибрози назар карда, аз роҳбарони сохторҳои маҳаллии кумита даъват намуданд, ки дар самти иштироки фаъолонаи занон дар интихобот корҳои иттилоотӣ ва ташвиқотиро тавсеа бахшанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки занону духтарони мамлакат аҳамияти интихоботро ҳамчун маъракаи сиёсӣ ба хубӣ дарк ва фаъолона дар ин раванд иштирок мекунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст






