«ЗАНОН ВА ПАЁМ». Дар Хатлон 50 ҳазор занон дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд

Январь 8, 2025 14:48

ДУШАНБЕ, 08.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъ таҳти унвони «Занон ва Паём»  ҳамоиши занон ва ҷавондухтарон баргузор гардид. Зимни он иттилоъ дода шуд, ки имрӯз таҳти сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон 50 ҳазор занону духтарон дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оид ба мавқеи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва нақши занон дар он, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти рушди оила ва пешгирии хушунати оилавӣ, тарзи гирифтани грантҳои президентӣ дар самти рушди  ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили корхонаҳо бо ҷалби занону духтарони қобили меҳнат ва дигар паҳлуҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар Тоҷикистон сухан гуфт.

Гуфта шуд, ки соли 2024 тибқи нақшаи кории ҳукумати вилояти Хатлон гурӯҳҳои корӣ бо усули «хона ба хона» бо 531 ҳазор оила мулоқот намуданд. Натиҷаи ҳамин вохӯриҳо буд, ки тирамоҳи соли 2024 дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш вилоят дар рӯзи якум нақшаи даъватро иҷро намуд.

Инчунин иштирокчиёни ҳамоиш ба дастгирӣ ва дар амал иҷро намудани бандҳои қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуданд.

Дар охири ҳамоиш ба як зумра собиқадорон ва фаъолзанон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 8, 2025 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид