10 феврал марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қисмати ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 аз 10 то 22 феврал дар Душанбе баргузор мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бар асоси натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Бозиҳо дар майдонҳои асосӣ ва эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.
Бояд таъкид намуд, ки барандаи Ҷоми федератсия бар иловаи Ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Ғолиби медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






