13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва» дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати адлия соати 09:00 баргузор мешавад.
Дар Суди Олӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 (бинои нави Суди Олӣ, кӯчаи Шевченко,55) доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 баргузор мешавад.
Дар Кумитаи андоз нишасти матбуотӣ соати 11:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур соати 09:00 (кӯчаи, Саид Носир 33, рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон) доир мегардад.
Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов нишасти матбуотӣ соати 10:00 ва дар филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хуллаи шаҳри Москва» соати 11:00 баргузор мешавад.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






