35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон сохтмони 29 026 иншоот ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2025, дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 29 026 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин теъдод 18 800 иншоот ба истифода супорида шуда, дар 5529 иншоот корҳо идома доранд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки кумита барои бо сатҳу сифати баланд бунёд гардидани биною иншооти ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон банақшагирифта, сари вақт бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ таъмин намудани муроҷиаткунандагон ва аз экспертизаи давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳои иншоот, инчунин дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон чораҷӯӣ менамояд.
Баён гардид, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита- ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Дар айни замон 65 маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра бо нақшаҳои генералӣ таъмин мебошанд. Ҳоло аз ҷониби кумита таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералӣ ва лоиҳаҳои муфассали банақшагирии шаҳру ноҳияҳо идома дорад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ соли 2024 ба маблағи 42 миллиону 615 ҳазор сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯию таҳқиқотӣ ба анҷом расониданд, ки 114,3 фоизи ҳамин давраи соли 2023-ро ташкил намуд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд






