Ҳаҷми қарзҳои соли 2024 додаи низоми бонкии Тоҷикистон 24,6 миллиард сомониро ташкил дод

Февраль 14, 2025 14:16

ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши пешниҳоди қарзҳо дар мамлакат иттилоъ медиҳад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод, ки соли 2024 ҳаҷми қарзҳои додашуда 24,6 миллиард сомониро ташкил дод. Ин омор нисбат ба соли 2023 5,6 миллиард сомонӣ ё 29,3 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҷумла, дар ин давра аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба соҳаҳои истеъмолӣ 47,1 фоиз, савдои хориҷӣ 14,6 фоиз, кишоварзӣ 12,7 фоиз, саноат 12,4 фоиз, хизматрасонӣ 6,9 фоиз, сохтмон 3,9 фоиз ва дигар соҳаҳо 2,3 фоиз рост меояд.

Фирдавс Толибзода гуфт, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 31,1 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, 7,6 миллиард сомониро ташкил дод. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 17,8 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки нисбат ба соли 2023 31,3 фоиз зиёд мебошад.

Бо дахли фоизи қарзҳо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 22,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 бо пули миллӣ 1,1 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 0,1 банди фоизӣ паст шудааст.

Бақияи сандуқи қарзии маҷмуии ташкилоти қарзии молиявӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ 21,4 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба охири соли 2023 3,5 миллиард сомонӣ ё 19,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2025 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд