Ҳайати Ҷумҳурии Корея дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе иштирок менамояд

Февраль 21, 2025 15:07

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея ва сафир оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим Киёнг Чунг  мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо мавзуъҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тағйирёбии иқлим матраҳ намуданд.

Ҳамчунон вобаста ба иштироки ҷониби Корея дар нахустин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки баргузории он 29-31 майи 2025 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, гуфтугӯ анҷом дода шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Февраль 21, 2025 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд