Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид

Февраль 5, 2025 18:02

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал дар шаҳри Кувайт ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа, ки таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири молия, Вазири давлатии масоили иқтисодӣ ва сармоягузории Кувайт хонум Нура Сулаймон Ал-Фассам баргузор шуд, дурнамои ҳамкории минбаъда мушаххас гардида, вобаста ба ин ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат лоиҳаи харитаи роҳро оид ба боз ҳам густариш додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориву сайёҳӣ муҳокима ва мувофиқа намуданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузории мустақими кувайтӣ ба соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ, маориф ва варзиш пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки барои дастгирии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувейт таъсис дода шавад.

Бо қаноатмандӣ иброз гардид, ки то имрӯз Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб барои маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, ирригатсия ва инфрасохтори Тоҷикистон тақрибан 200 миллион доллар ҷудо намуд.

Дар рафти ҷаласа тарафҳо амалӣ шудани хатсайрҳои мустақим ва афзоиши мусофиркашониро байни шаҳрҳои Душанбе ва Кувайт ба хушнудӣ пазируфта, роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкории ду давлатро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мушаххас намуданд.

Ҷониби Тоҷикистон дархост намуд, ки бо ҷалби сармоягузории кувайтӣ ширкатҳои ҳавоии муштарак таъсис дода шуда, инфрасохтори авиатсионӣ сохта ё азнавсозӣ гардад. Ҳамзамон масъалаи кушодани хатсайрҳои мустақими ширкати «Кувайт эйрвейз» баррасӣ гардид.

Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расонида шуд.

Дар анҷоми ҷаласаи Комиссия тарафҳо тасмими ҷиддии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд байни ҳарду давлат баён намуданд.

Дар доираи ҷаласаи Комиссия як қатор вохӯриҳои дутарафа, аз ҷумла бо Вазири молия, Вазири давлатии масоили иқтисодӣ ва сармоягузорӣ Нура Сулаймон Ал-Фассам, Вазири тиҷорат ва саноат Халифа Ал-Аҷир Ал-Аскар, Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар, Директори иҷроияи мудирияти сармоягузорӣ Сауд Ал-Сабоҳ, Президенти авиатсияи гражданӣ Шайх Ҳумуд Муборак Ал-Сабоҳ баргузор гардиданд.

Зимни вохӯриҳо масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки мамлакат, рушди тиҷорату саноат, таҳкими ҳамкорӣ дар бахши авиатсия ва маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории муштарак муҳокима шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 5, 2025 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид