Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бо Ташкилоти байналмилалии рушди ИНТОСАЙ тақвият меёбад

Февраль 21, 2025 09:32

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Палатаи ҳисоб Ҷамшед Каримзода бо коршиноси Ташкилоти байналмилалии рушди ИНТОСАЙ (INTOSAI)  Назгул Албанова баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Палатаи ҳисоб хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҷараёни ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаи густариши ҳамкории аз ин бештарро дар доираи лоиҳаи «Дастгирии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2025» таъкид намуданд.

Бояд гуфт, ки Ташкилоти байналмилалии  ИНТОСАЙ худмухтор, мустақил, ғайрисиёсӣ ва ғайридавлатӣ буда, ҳамчун ташкилоти доимамалкунанда барои мубодилаи донишу малака ва таҷриба дар соҳаи аудити берунӣ байни мақомоти олии назорати молиявӣ дар саросари ҷаҳон фаъолият менамояд.

Мақсади асосии ИНТОСАЙ  таъмин намудани аудиторон- аъзои ин ташкилот бо мубодилаи иттилооти мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, маълумот оид ба рушди муосир дар фаъолияти аудиторӣ, истифодаи стандартҳои касбӣ ва методология ба ҳисоб меравад.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2025 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд