Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир тавсеа меёбад

Февраль 15, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 15.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Сафири Британияи Кабир Кэтрин Смиттон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки таҳкими ҳамкории иқтисодӣ бо шарикони байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Гуфта шуд, ки Британияи Кабир яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Вобаста ба ин Завқӣ Завқизода барои боз ҳам густариш додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармояи мустақими Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва расонидани кумаки техникӣ дар таҳияи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷкистон барои солҳои 2026-2030”, инчунин “Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷкистон барои солҳои 2026-2030” даъват ба амал овард.

Кэтрин Смиттон бо таваҷҷуҳи хосса ба рушди иқтисоди Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкории мутақобили судманд ва дастгирии дархосту пешниҳодҳои гуфташуда изҳори омодагӣ намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 15, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд