«Амонатбонк» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Рӯзи дарҳои кушод баргузор намуданд

Февраль 25, 2025 15:38

ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ  «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар шаҳри Душанбе барои соҳибкорон ва муштариён Рӯзи дарҳои кушод баргузор намуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки  дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ роҳбарияти  «Амонатбонк», Вазорати молияи ҷумҳурӣ  ва роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон вобаста ба анҷоми муваффақонаи барномаҳои «Банақшагирии гузариши иқлим» ва «RSBP /Барномаи минтақавии тиҷорати хурд/-боло бурдани иктидори кадрӣ» ибрози назар намуданд.

Дар доираи Рӯзи дарҳои кушоди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мутахассисони бахши қарзии «Амонатбонк» аз вилоятҳои Суғду Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ба омӯзиши мавзуи «Таҳлили лоиҳаҳои сармоягузории тиҷорати хурду миёна» барои баланд бардоштани малакаи касбии худ ва муштариёни «Амонатбонк» ба омӯзиши мавзуи «Тавсеаи тиҷорат бо рушду тавонмандиҳои содиротӣ» фаро гирифта шуданд.

Дар анҷом «Амонатбонк»  ва як зумра кормандони он аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои анҷоми муваффақонаи барномаи омӯзишии «Банақшагирии гузариши иқлим» ва хатми муваффақонаи давраи омӯзишӣ дар доираи барномаи «RSBP — Боло бурдани иқтидори кадрӣ» сазовори ҷоиза гардиданд.

АКС: «Амонатбонк»

Февраль 25, 2025 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст