Ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад

Февраль 7, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба бузургдошти мутафаккири барҷастаю табиби ҷаҳоншумули тоҷик  Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби   Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ду чорабинии бузург — яке дар рӯзи таваллуди Абӯалӣ ибни Сино – моҳи август ва дигаре моҳи ноябри соли равон симпозиуми байналмилалӣ ташкил ва баргузор карда мешавад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Хуршед Зиёӣ иброз дошт, ки «то ҳол таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маводи М.Махшулов, В.Ромодин, Р.Нишонов ва дигарон, инчунин пораҳо аз гуфтаҳои худи Ибни Сино ба нашр расиданд. 21 ҷилд китобҳои Абӯалӣ ибни Сино дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷой карда шуданд. 11 феврал Маркази синошиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ мизи муддавар баргузор менамояд.

Таъкид гардид, ки  Абӯалӣ ибни Сино тоҷик аст ва  осори ӯ моли на танҳо халқҳои Осиёи Марказӣ, балки тамоми инсоният ба ҳисоб меравад.

Хуршед Зиёӣ иброз дошт, ки агар далелҳои тоҷик будани Абӯалӣ ибни Синоро гӯем, онҳо чунинанд:

  1. Олимони ғайритоҷик С.Е. Босфорт, А.Ҷ. Арбери, Анри Корбен, А.А. Семёнов, В.А. Ромодин ва дигарон инро исбот кардаанд.
  2. Рафиқ Нишонов – роҳбари онвақтаи Шурои миллатҳои Шурои Олии Иттиҳоди Шуравӣ изҳори хурсандӣ кардааст, ки Абӯалӣ ибни Сино фарзанди халқи тоҷик аст.
  3. Дар китобаш «Ишорот ва танбеҳот» Абӯалӣ ибни Сино навиштааст: «Лекин луғоте (забонҳое), ки мо медонем…» ва мисол овардааст, ки яке арабӣ ва дигар тоҷикӣ аст.
  4. Модари Абӯалӣ ибни Сино тоҷик буд ва номи зебои тоҷикӣ — Ситорабону дошт.
  5. Маънии калимаи «Сино» низ аз тоҷик буданаш дарак медиҳад, зеро решаи ин калима ба мафҳуми авастоии Saena («шоҳин») мерасад.
  6. Абӯалӣ ибни Сино танҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва арабӣ навишта, барои ғанӣ гардидани унсурҳои муҳими забони тоҷикӣ ва истилоҳоти илмӣ бо «Донишнома»-и худ саҳми намоён гузоштааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 7, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд