БА ДИҚҚАТИ ШАҲРВАНДОН. Дар назди намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 давлати хориҷӣ 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 давлати хориҷӣ 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ иқомат доранд, мерасонад, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ участкаҳои интихоботӣ барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, метавонанд 2 марти соли 2025 аз соати 06:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар интихобот иштирок намоянд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои иштирок дар овоздиҳии интихоботӣ бояд бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд.
Участкаҳои интихоботӣ барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон дар хориҷа:
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб — шаҳри Абу Забӣ, кӯчаи Ал — Мушриф, виллаи №2;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия — шаҳри Вена, Хутвайденгассе 47;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ- шаҳри Риёз, кӯчаи Ал — Нағраҳ 7694, минтақаи Ал — Вуруд, 4088;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус — шаҳри Минск, аг. Ждановичи, кӯчаи Зеленая, 42;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия — шаҳри Брюссел, хиёбони Генерал Жак 16, 1050;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ — шаҳри Лондон, Ноттинг Х,илл, Кларендон 110;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт — шаҳри ал-Кувайт, минтақаи Сурра, блоки 6, роҳи Х,усайн бин Алӣ Ар — Румӣ, бинои 382;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия — шаҳри Куала — Лумпур, кӯчаи 6, Таман Ампан Утама, Ампан 68000, Селангор;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб — шаҳри Қоҳира, кӯчаи 203, виллаи 8Ъ, Дигла Ал — Маади;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон — шаҳри Боку, Бадамдар, кӯчаи Баглар, паскӯчаи 2, 20;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, шаҳри Берлин, кӯчаи Перлебергер, 43;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, шаҳри Исломобод, Шаҳраки дипломатӣ, Қисмати С — 5, кӯчаи 31, Қитъаи №7 — 10;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия — шаҳри Москва, паскӯчаи Гранатний, 13;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия — шаҳри Анқара, кӯчаи Ферит Реҷаи Ертуғрул №20, шаҳраки дипломатӣ, Оран;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон — шаҳри Ашқобод, кӯчаи Гарашсизлик 4/2;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон — шаҳри Тошканд, кӯчаи А.Қаҳҳор, 61;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина — шаҳри Киев, кӯчаи Зверинетский, хонаи 3;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса — шаҳри Париж, кӯчаи Монтане 42;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин, маҳаллаи дипломатӣ, Лянгмакяо, №ЕА 01-04;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария — шаҳри Женева, кӯчаи Молли (Mollies), 29, Белвю (Bellevue), 1293;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — шаҳри Вашингтон, кӯчаи Ню Ҳемпшир, 1005;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон — шаҳри Теҳрон, Шимоли Кохи Ниёварон, хиёбони Шаҳид Зайналӣ, кӯчаи 3, №10;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон — 141 — 0021, шаҳри Токио, Шинагава ку, Камиоосаки 1-5-42;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона, микроноҳияи Чубари, кӯчаи Карасакал Еримбет 15;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар — шаҳри Давҳа, минтақаи дафна 64, кӯчаи 810;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон — шаҳри Бишкек, 720031, кӯчаи Кара — Даринская, х.36;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон — шаҳри Ню — Деҳлӣ, маҳаллаи Висант Виҳар, А — 2/6;
- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея — шаҳри Сеул, кӯчаи ЮН Виллеҷ, 2, Ёонгсан — гу;
- Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид — шаҳри Ню — Йорк, кӯчаи 228 E 45 ,17-ум ошёна, 10017;
- Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай, Амороти Муттаҳидаи Араб — шаҳри Дубай, Бурҷи «Платинум», Ҷумейра Лейкс Тауэрс, ошёнаи 30;
- Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт- Петербург, Федератсияи Русия — шаҳри Санкт-Петербург, кӯчаи Черняховский, бинои 63 — 65 Лит. А;
- Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск, Федератсияи Русия — шаҳри Новосибирск, кӯчаи Нижегородская 4;
- Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург, Федератсияи Русия — шаҳри Екатеринбург, кӯчаи Гражданская 2а;
- Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа, Федератсияи Русия — шаҳри Уфа, кӯчаи Сурюпи 149;
- Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул, Туркия — шаҳри Истанбул, маҳаллаи Қарталтепе, кӯчаи Иилдизтепе, №23, Ич Капи №1, Бакиркой;
- Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмато, Қазоқистон — шаҳри Алмато, Санаторная, 16.
АКС: АМИТ «Ховар»








Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Натиҷаҳои Конфронси чоруми оби Душанбе дар ҷаласаи ЭСКАТО муаррифӣ гардиданд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд






