Беш аз 700 соҳибкори Бадахшон бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешавад

Февраль 21, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба таъмини Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ»  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 750 соҳибкор бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин  мешаванд. Соли 2024 дар вилоят 144 соҳибкори шаҳри Хоруғ барои фаъолият бо чунин дастгоҳ таъмин шуданд. Дар ин хусус 20 феврал зимни баргузории машваратӣ омӯзишӣ дар шаҳри Хоруғ иттилоъ дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои зиёд кардани миқдори таҷҳизоти электронӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон то 1 феврал дар вилоят 397 постерминал насб гардид, ки нисбат ба меъёри муқарраргардида 2,7 маротиба зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар вилоят 458 QR — рамзи ягона дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ  насб гардид, ки ин нишондиҳанда аз меъёри муқарраргардида 3,3 маротиба зиёд мебошад.

То 1 феврали имсол  аз ҷониби низоми бонкӣ дар вилоят 141 ҳазору 419 корт ба муомилот бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  17 фоиз зиёд мебошад. Дорандагони кортҳои пардохтӣ 102 ҳазору 932 нафарро ташкил медиҳанд, ки 62 фоизи аҳолии калонсоли вилоятро дар бар мегирад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Февраль 21, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа