Бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа нишасти корӣ баргузор гардид

Февраль 26, 2025 09:36

ДУШАНБЕ, 26.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар  тавассути видеоконференсия нишасти корӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, нишасти корӣ бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тақвияти фаъолият дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ доир шуд.

Иштирокдорон масоили татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳифзу муаррифии шоистаи мероси фарҳангию таърихии миллиро ба таври муфассал мавриди муҳокима қарор доданд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои ин нишасти корӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории иқтисодии хориҷӣ ва тақвияти мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 26, 2025 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд