Бонки миллии Тоҷикистон: «Соли 2024 92,4 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 30,4 миллиард сомонӣ анҷом дода шуд»
ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши амалиёти ғайринақдӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ дар мамлакат иттилоъ медиҳад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода 12 феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки соли 2024 бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ -кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ 92,4 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 30,4 миллиард сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 аз рӯи шумора 61,7 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронида 95,3 фоиз зиёд мебошад.
Таносуби ҳаҷми амалиёти гирифтани пули нақд ва амалиёти ғайринақдӣ 73,8 фоиз ба 26,2 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли 2023 ҳиссаи амалиёти пардохти ғайринақдӣ 6,6 банди фоизӣ зиёд гардид.
Фирдавс Толибзода ҳамзамон гуфт, ки соли 2024 барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ 11 ҳазору 955 терминали электронӣ насб карда шуд. Аз онҳо 5 ҳазору 530 POS-терминал махсус барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасонии давлатӣ истифода мешавад.
Инчунин дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 19 ҳазору 918 QR–рамзи ягона насб гардид, ки 3 ҳазору 161 адади он махсус барои қабули пардохтҳои хизматрасонии муздноки давлатӣ пешбинӣ шудааст. То охири соли 2024 теъдоди умумии кортҳои пардохтии бонкӣ дар мамлакат 8,4 миллионро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 25,7 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 12,1 миллион баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 38,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки барои пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ, кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронии муштариён аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ва агентҳои бонкии пардохтии онҳо дар маҷмуъ зиёда аз 9,1 ҳазор терминали худкор дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ насб карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 22 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ба имзо расид. Тибқи он аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ (хизматрасониҳои музднок) ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешаванд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд






