Бонки миллии Тоҷикистон: «Соли 2024 92,4 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 30,4 миллиард сомонӣ анҷом дода шуд»

Февраль 15, 2025 08:32

ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши амалиёти ғайринақдӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ дар мамлакат иттилоъ медиҳад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода 12 феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки соли 2024 бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ -кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ 92,4 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 30,4 миллиард сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 аз рӯи шумора 61,7 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронида 95,3 фоиз зиёд мебошад.

Таносуби ҳаҷми амалиёти гирифтани пули нақд ва амалиёти ғайринақдӣ 73,8 фоиз ба 26,2 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли 2023 ҳиссаи амалиёти пардохти ғайринақдӣ 6,6 банди фоизӣ зиёд гардид.

Фирдавс Толибзода ҳамзамон гуфт, ки соли 2024 барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ 11 ҳазору 955 терминали электронӣ насб карда шуд. Аз онҳо 5 ҳазору 530 POS-терминал махсус барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасонии давлатӣ истифода мешавад.

Инчунин дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 19 ҳазору 918 QR–рамзи ягона насб гардид, ки 3 ҳазору 161 адади он махсус барои қабули пардохтҳои хизматрасонии муздноки давлатӣ пешбинӣ шудааст. То охири соли 2024 теъдоди умумии кортҳои пардохтии бонкӣ дар мамлакат 8,4 миллионро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 25,7 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 12,1 миллион баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 38,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки барои пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ, кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронии муштариён аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ва агентҳои бонкии пардохтии онҳо дар маҷмуъ зиёда аз 9,1 ҳазор терминали худкор дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ насб карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 22 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ба имзо расид. Тибқи он аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ (хизматрасониҳои музднок) ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2025 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии бисёрҷонибаи кафолати сармоягузорӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.6370 то 10.6600 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи баҳории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Air Dynamics Solutions» дар Душанбе баррасӣ гардид
Намояндагони ширкати «Хан Хай Си Че Маой»-и Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
Имсол дар шаҳри Кӯлоб беш аз 2 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол карда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1344 то 0.1290 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Хатлон масъалаи бунёди корхонаҳои саноатӣ баррасӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи барӯйхатгирии соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Бо мақсади омӯзиши тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои захиравии суғуртавӣ машғулият доир шуд
Вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон дар мулоқот бо Директори Департаменти кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказии ХБА баррасӣ шуд