Бонки Осиёии рушд барои татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз» сармоягузориро вусъат медиҳад
ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода бо директори Дафтари идоракунии бахши давлатӣ ва идоракунии давлатӣ Чигдем Акин ва мутахассиси калони бахши давлатии ин дафтари Бонки Осиёии рушд (БОР) Анҷум Исрар баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, иқтисоди даврӣ ва савдои электрониро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Ашурбой Солеҳзода иброз дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022 қабул шуда, мавриди амал қарор дорад.
Дар доираи ин стратегия барои мушаххас намудани корҳо дар самти рушди иқтисоди «сабз» Нақшаи амали он дар марҳилаи якум барои солҳои 2023-2025 амалӣ мегардад.
Манбаи муҳими рушди иқтисоди «сабз» дар мамлакат дастгирию сармоягузории институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд мебошад. Ҳамкории молиявии онҳо дар татбиқи ин стратегия саҳми калидӣ дошта, дар раванди татбиқи он бо институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Осиёии рушд ҳамкории самаранок амалӣ карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар вазорат корҳои омодагӣ барои таҳияи Нақшаи амали стратегия дар марҳилаи дуюм- солҳои 2026-2028 оғоз шуда, дар ин самт бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ҳамкории судманд амалӣ шудааст.
Муовини якуми вазир иброз дошт, ки Бонки Осиёии рушд яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон ба шумор рафта, нақши он дар татбиқи ҳадафу афзалияти рушди иқтисоди «сабз» муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҷонибҳо оид ба амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо маблағҳои грантии Бонки Осиёии рушд мубодилаи афкор намуда, самтҳои афзалиятноки татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, иқтисоди даврӣ, савдои электронӣ ва дигар соҳаҳоро таъкид намуданд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро доир ба татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» идома дода, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








То 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 70 корхонаи дорусозӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд
Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд






