«BORSA INTERNAZIONALE DEL TURISMO». Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 11 феврал дар шаҳри Милани Италия Намоишгоҳи 45-уми байналмилалии сайёҳии «Borsa Internazionale del Turismo» баргузор гардид, ки дар он имконияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин намоишгоҳ вохӯриҳои В2С ва В2В ташкил гардида, масъалаи рушди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, ҷалби мутахассисон ва рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ карда шуд.
Дар ин намоишгоҳ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ иштирок намуда, гӯшаи сайёҳии мамлакатро муаррифӣ намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






