БӮЙИ БАҲОР МЕРАСАД. Тоҷикистониёнро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз як ҳафта дар Тоҷикистон фасли баҳор фаро мерасад. Даҳаи аввали моҳи март ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, рӯзҳои боқимонда баландшавии он дар назар аст. Ҳавои моҳи марти имсола ба ҳавои соли 2015 шабоҳат дорад.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, моҳи март миқдори бориши борон аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 10 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 7 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Инчунин дар даҳрӯзаи якуми моҳ дар водиҳо рӯзона ҳаво то 14 ва шабона то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ рӯзона то 9 дараҷа гарм ва шабона 2-7 дараҷа хунук дар назар аст. Давоми моҳ баландшавии ҳарорат пешгӯӣ шуда, дар водиҳо рӯзона то 20 дараҷа гарм ва шабона то 13 дараҷа гарм мешавад.
Моҳи март ҳаво дар вилояти Суғд аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад. Даҳаи якуми моҳи март дар водиҳо рӯзона то 11 ва шабона то 1 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона то 4 дараҷа гарм ва шабона то 11 дараҷа хунукӣ дар назар аст. Давоми моҳ баландшавии ҳарорат пешгӯӣ шуда, дар водиҳо рӯзона то 15 ва шабона то 5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона то 11 дараҷа гарм ва шабона аз 8 дараҷа хунук то 4 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Инчунин давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе водиҳо бориши борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф дар назар аст. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат аз 1 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона то 7 ва шабона то 4 дараҷа гарм мешавад. Инчунин давоми моҳ бориши борон ва барф дар назар аст.
Инчунин дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, то 4-8 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳаво рӯзона то 9 ва шабона то 25 дараҷа хунук мешавад. Нимаи дуюми моҳ ҳарорат баланд шуда, рӯзона аз 0-5 дараҷа хунук то 3+8 дараҷа гарм ва шабона то 7 дараҷа хунук мешавад. Дар баъзе минтақаҳо шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






