Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 07.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави иқдоми созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 нафар ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» қадрдонӣ карда шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Маросими қадршиносии ғолибони озмунҳо таҳти шиори «Тоҷикистон ба пеш!» бо иштироки аъзои Комиссияи байниидоравӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ ва татбиқи илм дар истеҳсолот баргузор карда шуд.
Зимни ҷамъомад аз тарафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон барои саҳми созанда дар рушди ихтироъкорӣ ва ҳиссаи арзандаю муносиб дар навоварӣ “Сипоснома” такдим карда шуд.
Барои ҳавасмандгардонии фаъолияти ихтироъкорию навоварӣ аз тарафи намояндагони бахши хусусӣ ба ҳар ғолиб туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.
Изҳори боварӣ гардид, ки таҳти сиёсати созандаи Пешвои миллат ояндаи наздик кашфиёту ихтирооти ҷавонони замони истиқлол дар соҳаҳои мухталифи илм ва технология дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шуда, ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






