Дар Бангкок лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистон оид ба тағийрёбии иқлим муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайиланд дар ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории ғайрирасмӣ оид ба баррасии лоиҳаҳои қатънома, дар ҳамкорӣ бо Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистон зери унвони «Тақвияти ҳамкорӣ дар бахши тағийрёбии иқлим ва иртиботи обӣ барои рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором» муаррифӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) зимни муаррифии ташаббуси мамлакат доир ба нуфуз ва нақши Тоҷикистон ҳамчун давлати пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим оид ба аҳамияти лоиҳаи қатъномаи пешбаришаванда дар таҳкими робитаҳои кишварҳои аъзои UNESCAP ва расидан ба ҳадафи 6-уми Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид сухан гуфт.
Намояндаи Тоҷикистон аз кишварҳои аъзои ин ниҳод даъват намуд, ки дар раванди қабули ин қатънома мусоидат намоянд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






