Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд

Февраль 8, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории минбаъда дар соҳаи маориф ва илм дар  вохӯрии   Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом  Абдураҳмон бо муовини ректори навтаъйини Донишгоҳи Академияи диломатии Озарбойҷон (ADA University) оид ба идоракунии равандҳои қабул ва кор бо донишҷӯён Гюнай Зиядова ва донишҷӯёни тоҷики ин донишгоҳ баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ медиҳад.

Сафир вобаста ба сатҳи ҳамкорӣ ва саҳми арзандаи Донишгоҳи Академияи диломатии Озарбойҷон дар омода намудани кадрҳои баландихтисос ибрози қаноатмандӣ намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо  масъалаҳои марбут ба ҳамкории минбаъда дар соҳаи маориф ва илм, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, зиёд намудани бурсияҳои стипендиявии таълимӣ барои донишҷӯёни тоҷик ва шумораи иштирокдорони даврҳои такмили ихтисос барои хизматчиёни дипломатӣ ва  ташкили таҷрибаомӯзӣ барои онҳо дар Донишгоҳи ADA-ро  баррасӣ  намуданд.

Ҳамзамон Сафир бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар  Донишгоҳи ADA таҳсил менамоянд, доир ба раванди таълим, вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо мубодилаи афкор намуд. Зимнан, Илҳом Абдураҳмон дар бораи сиёсати ғамхоронаи роҳбарияти мамлакат  нисбат ба ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва фаъолияти кории минбаъда дар Тоҷикистон сухан гуфта, онҳоро даъват намуд, ки барои таҳсили босамар ва хатми муваффақонаи донишгоҳ сайъу талош намоянд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Февраль 8, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд