Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти содирот баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал дар мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибн Абдураҳмон ар-Решайдон ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти содирот мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии содирот хабар медиҳад.
Инчунин ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои содиротии ҷумҳурӣ, аз ҷумла татбиқи марказҳои логистикии содиротӣ мубодилаи афкор намуданд.
Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз намуд, ки Тоҷикистон метавонад содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваю сабзавоти барвақтӣ ва мавсимӣ, обҳои нӯшокӣ, афшураҳои мева, асал, чормағз, себ, пиёзи барвақтӣ ва сирпиёз ва дигар намуди маҳсулотро дар баробари давлатҳои ҷанубу шарқ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ воридот намояд.
Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки бо шарикони Саудӣ дар ҷумҳурӣ марказҳои логистикии содиротӣ таъсис диҳад. Ин имкон медиҳад маҳсулоти хушсифат ва мутобиқ ба стандартҳои Саудӣ бандубаст гардад ва бо нархҳои барои ҳарду ҷониб мусоид ба бозорҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва бозорҳои сеюм содирот шавад.
Ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ масъалаи воридоти маҳсулоти Тоҷикистонро ба бозорҳои Саудӣ ҷонибдорӣ намуда, барои мусоидат ба дарёфти ҳамшарик аз ширкату фондҳои Саудӣ дар татбиқи марказҳои логистикии содиротӣ ибрози омодагӣ намуд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






