Дар Душанбе аввалин маротиба барои ҳаракати дучарха роҳи алоҳида сохта мешавад

Февраль 15, 2025 08:54

ДУШАНБЕ, 15.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар пойтахт навсозии роҳи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров- аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ идома дорад. Дар он аввалин маротиба барои ҳаракати дучарха роҳи алоҳида ҷудо мегардад, ки аз роҳи мошингард ва пиёдагард ҷудо аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Роҳи алоҳидаи дучархаронӣ танҳо барои истифодаи дучархаронҳо ҷудо мегардад, ки аз роҳи мошингард ва пиёдагард ҷудо мебошад. Паҳноии роҳи алоҳидаи дучархаронӣ ҳадди ақалл 1,5 метр дар назар дошта шудааст.

Дар оянда зимни сохтмони роҳҳои калон бунёди чунин пайроҳаҳо дар кӯчаҳои дигари пойтахт низ ба назар гирифта мешавад. Зеро бунёди чунин роҳҳо ба пешгирии танбашавӣ ва кам шудани садамаҳои нақлиётӣ мусоидат мекунад. Чунин роҳҳо на танҳо барои дучархасаворон, балки барои кӯдакону наврасоне, ки аз «самокат» ва «скутер»-ҳо истифода мебаранд, мувофиқ аст.

Бояд таъкид намуд, ки дар ин роҳ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Тавре сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» Муҳаммадюсуф Раҳимзода иттилоъ дод, дарозии роҳ 6,6 кмро ташкил дода, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат сохта мешавад.

«Ҳамзамон боз 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ дар буриши хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ ва дар буриши кӯчаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Қаҳҳоров, буриши кӯчаҳои Абай бо Қаҳҳоров ва буриши кӯчаҳои Соҳилӣ бо ҷанубӣ бо бунёди пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе сохта, ба истифода дода мешавад», -иброз дошт ӯ.

Навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо тарҳи меъмории муосир барои иҷрои супориши Президенти Тоҷикистон барои ба шаҳри пешрафта табдил додани шаҳри Душанбе амалӣ мешавад.

Татбиқи чунин лоиҳа бо 5 роҳи дусатҳа ва имконияти васеъ барои ҳаракати нақлиёт, роҳи махсус барои нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва пиёдагардон дар пойтахти мамлакат бори аввал амалӣ мешавад. Сохтмони роҳ аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани имконияти хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 13 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузошта буданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳҳои замонавиро дар шаҳри Душанбе намунаи асосии амалишавии нақшаҳои Ҳукумати мамлакат аз ҷониби шаҳрдорӣ барои пурра раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки аз соли 2017 то соли 2023 ба таъмири 160 км роҳҳо дар шаҳри Душанбе 2,3 миллиард сомонӣ равона гардид. Инчунин дар роҳҳои пойтахт 188 истгоҳи наву замонавии нақлиёти мусофирбар бунёд шудааст.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва тинҷию оромии Ватан иҷрои супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шаҳрдорӣ ба бунёду ба истифода додани роҳҳои замонавӣ мусоидат менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2025 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд