Дар Душанбе Форуми зиёиёни эҷодкори давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал зимни мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тахир Иксанов масъалаҳои таҳкиму густариши минбаъда дар самти илмҳои гуманитарӣ ва таҳқиқоти илмӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Ҳамзамон дар доираи ҳамкории муштарак ҷонибҳо барои 13-14 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Форуми XVIII зиёиёни эҷодкори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба мувофиқа расиданд.
Иброз гардид, ки форум ба муносибати баргузории Соли нахустини ҳифзи саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки соли 2026 эълон мегардад, ба нақша гирифта шудааст.
Дар назар аст, ки дар доираи Соли нахустини ҳифзи саломатӣ ба табодули таҷриба, муҳокима ва банақшагирии ташаббусҳои муштараки бисёрҷониба дар соҳаи тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






