Дар Душанбе Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим натиҷагирӣ карда шуд

Февраль 5, 2025 17:41

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-29), ки моҳи ноябри соли 2024 дар пойтахти Озарбойҷон- шаҳри Боку баргузор гардид, имрӯз дар Душанбе зимни баргузории ҳамоиш натиҷагирӣ карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ва Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) гузаронида шуда, дар он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, мудири минтақавии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото ва муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ -UNICEF дар Тоҷикистон хонум Эри Двиведи сухан гуфтанд.

Гирд овардани ҷонибҳои калидии манфиатдор, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, коршиносон, шарикони рушд ва бахши хусусӣ барои муҳокима ва таҳлили натиҷаҳои Конфронси 29-уми тарафҳои (COP-29) Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) ва дар асоси ҳадафҳои иқлимии мамлакат муайян намудани пешниҳод оид ба қадамҳои оянда барои COP-30, ки моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Белени Бразилия гузаронида мешавад, аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш арзёбӣ гардид.

Дар ҳамоиш аз ҷониби намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду рӯнамо пешниҳод гардид, ки дар онҳо натиҷаҳои бадастоварда дар доираи COP-29, аз ҷумла баррасии гуфтушунидҳо ва фаъолияти Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи COP-29, натиҷаҳои COP-29 ва таъсири онҳо ба маблағгузории иқлимӣ аз ҷониби шарикони рушд муаррифӣ шуданд.

Дар ҳамоиш инчунин масъалаҳои омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ иштирок намудан дар COP-30 матраҳ шуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш ба мувофиқа расиданд, ки таҳкими натиҷаҳои COP-29 тавассути тақвияти ҳамоҳангсозӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалби дастгирии байналмилалӣ барои пешбурди ҳадафҳои иқлимии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар амалҳои глобалӣ оид ба тағйирёбии иқлим муҳим мебошанд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 5, 2025 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд