Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024 оғоз гардид

Февраль 4, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 04.02.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон оғоз гардид, ки зимни он ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 қадрдонӣ карда мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст. Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон барои қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат, адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ беҳтаринҳо муайян карда шуда, ин ҷоиза дар фазои тантанавӣ ба онҳо супорида мешавад.

Инчунин дар маросим нафарони дигар аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2024», «Беҳтарин волонтёри соли 2024», «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2024», “Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳо”, “Беҳтарин сохтор дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар соли 2024”, «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар соли 2024», “Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024”, “Беҳтарин сохтори кор бо ҷавонон дар соли 2024” ва дигар номинатсияҳо ҳавасманд гардонида мешаванд.

Давоми соли 2024 бо мақсади арҷ гузоштан ба айёми фараҳбахшу созгори умри инсон – ҷавонӣ ва ифтихор аз фазои ободу ороми Ватан, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва васфи саодати баланди ҷавонони Тоҷикистон, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии муваффақияти ҷавонони солҳои соҳибистиқлолӣ, васфи хотироти ҷавонии фарзонагони миллат ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он ду озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ- “Васфи ҷавонӣ” ва “Ватан- шукӯҳат побарҷо” эълон гардида буд. Ҳарду озмун натиҷагирӣ ва ғолибони он бо Диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ  «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 4, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт