Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эфиопия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия бо қароргоҳ дар шаҳри Исломобод Ҷамол Боқир Абдулло вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати таҳкими равобит дар бахшҳои афзалиятнокро таъкид намуданд.
Дар баробари ин Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо назардошти иқтидори ҳарду давлат дар соҳаи энергияи барқароршаванда, кишоварзӣ ва саноат имконияти ҳамкорӣ дар самти таҳияи лоиҳаҳои муштарак, рушди технологияҳои обёрӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мавҷуд мебошад.
Вобаста ба ин ҷонибҳо масъалаҳои рушди тиҷорати дуҷониба ва ҷалби сармоягузориро баррасӣ намуда, тавсеаи ҳамкории иқтисодиро омили асосии афзоиши имконияти тиҷоратӣ ва саноатӣ донистанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои мухталиф изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






