Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор мегардад

Февраль 28, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 21 март дар «Боғи Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Дар намоиш-фурӯш ҳунармандону чакандӯзон ва зардӯзон аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ҷамъ омада, ҳунари волояшонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод менамоянд.

Намоиш-фурӯши чакан соли дуюм аст, ки дар пойтахт баргузор гардида, дар он либосҳои миллӣ, матоъҳои гуногун, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, тоқию ҷузвдонҳо, зару зевар, армуғон ва дигар маҳсулоти дастии ҳунармандон ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.

Ин иқдом ба хотири ҳифзи ҳунар ва эҳёи анъанаҳои миллии мардуми тоҷик гирифта шудааст, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳунарҳои мардумӣ аз байн нарафта, баръакс ҳунарҳои фаромӯшгардида аз нав эҳё гарданд.

Дар ин рӯзҳо сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз маҳсулоти дастии ҳунармандони тоҷик харидорӣ намоянд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад