Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Февраль 6, 2025 10:42

ДУШАНБЕ, 06.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Қарор бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳувияти миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан ба тасвиб расидааст.

Ҳамасола дар шаҳри Душанбе ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бахшида ба рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронсҳои илмӣ-амалӣ, озмунҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва маросими қадрдонии хизматчиёнӣ ҳарбӣ барои хизматҳои арзандаю бенуқсон дар сафи артиш бо медалу ифтихорномаҳо, тақдими рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, таҳияю пешниҳоди барномаҳои консертӣ ва намоиши аксу мусаввараҳои таърихӣ доир мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки 23 феврал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфта, ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2025 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид