Дар Душанбе «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» муаррифӣ шуд

Февраль 6, 2025 16:04

ДУШАНБЕ, 06.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», аз ҷумла Нақшаи амали он барои солҳои 2025-2027 дар ҷаласаи муштараки Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласаи муштараки Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои калидии рушди соҳаи об, сармоягузориҳои нақшавӣ, лоиҳаҳо ва ташаббусҳои нави шарикони байналмилалӣ, ки ба татбиқи самараноки ҳадафҳои стратегии соҳа равона шудаанд, муҳокима гардиданд.

Гуфта шуд, ки «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» санади муҳиме аст, ки принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои обро муайян намуда, самтҳои стратегии идоракунии устувор ва ҳамгироёнаи захираҳои обро бо назардошти тағйирёбии иқлим таъмин мекунад ва ба рушди дарозмуддати соҳа ва таъмини амнияти обӣ асос мегузорад.

Татбиқи стратегия ба ноил гардидан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар соҳаи об ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид нигаронида шудааст.

Иштирокдорони ҷаласа барои дастгирии татбиқи стратегия изҳори омодагӣ намуда, аҳамияти онро барои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд.

Ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои корӣ барои ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти навсозии соҳаи оби Тоҷикистон, муттаҳидсозии захираҳо ва таҳияи роҳҳои муассир барои идоракунии устувори захираҳои об дар шароити тағйирёбии ҷаҳонии иқлим платформаи муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 6, 2025 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад