Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон вобаста ба арзу шикоятҳои шаҳрвандон Маркази махсуси тамос таъсис дода шуд

Февраль 18, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маркази махсуси тамос бо рақами кӯтоҳи 40-30 барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин марказ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ дар мамлакат, расидан ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои дар соҳа ҷойдошта тавассути механизми содаву дастрас барои шаҳрвандон таъсис ёфтааст.

Аз ин рӯ минбаъд шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам барои ҳалли мушкилоте, ки доир ба хизматрасонии соҳаи алоқа ба миён меоянд, ба Хадамоти алоқа муроҷиат намоянд.

Маркази тамоси Хадамоти алоқа ба таври шабонарӯзӣ ва новобаста аз рӯзҳои истироҳатӣ фаъолият менамояд.

Марказ дар асоси платформаи муосири онлайнӣ ва интерактивӣ ба системаҳои коммутатсионии тамоми операторони алоқаи барқии ҷумҳурӣ пайваст буда, арзу шикояти воридшударо баррасӣ менамояд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 18, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад