Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон вобаста ба арзу шикоятҳои шаҳрвандон Маркази махсуси тамос таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази махсуси тамос бо рақами кӯтоҳи 40-30 барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин марказ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ дар мамлакат, расидан ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои дар соҳа ҷойдошта тавассути механизми содаву дастрас барои шаҳрвандон таъсис ёфтааст.
Аз ин рӯ минбаъд шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам барои ҳалли мушкилоте, ки доир ба хизматрасонии соҳаи алоқа ба миён меоянд, ба Хадамоти алоқа муроҷиат намоянд.
Маркази тамоси Хадамоти алоқа ба таври шабонарӯзӣ ва новобаста аз рӯзҳои истироҳатӣ фаъолият менамояд.
Марказ дар асоси платформаи муосири онлайнӣ ва интерактивӣ ба системаҳои коммутатсионии тамоми операторони алоқаи барқии ҷумҳурӣ пайваст буда, арзу шикояти воридшударо баррасӣ менамояд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






