Дар Хоруғ 97 фоизи субъектҳо ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ 97 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳанда аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва 57 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод намуданд. Дар ин хусус 7 феврал дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ дода шуд.
«Соли 2024 шумораи постерминалҳо ва QR-рамзҳо ба 560 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 189 адад ё 51 фоиз зиёд мебошад», — гуфта шуд дар нишаст.
Ҳамчунин 79 ҳазору 956 корти бонкӣ ба муомилот бароварда шуд. 20 ҳазор сокинони шаҳр дорандаи корти бонкӣ мебошанд, ки 100 фоизи аҳолии калонсолро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда 40 фоиз аз меъёри муқарраршуда зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, аз ҷумла ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ аз 1 августи соли 2023 ба тариқи ғайринақдӣ муайян шудааст.
Яке аз афзалияти пардохти ғайринақдӣ — ин осонии истифодаи кортҳои хизматрасонӣ мебошад. Зарурати бо худ ҳамроҳ гирифта гаштани маблағи калони пул аз байн рафта, ҳамзамон ҳамеша имкони пардохтани нархи моли харидашуда дар дохил ва хориҷи мамлакат аст.
Ҳукумати электронӣ низоме аст, ки барои ташкили муоширати самараноки ҷамъиятӣ ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, барои онҳо шароит фароҳам меоварад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд. Ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмати иттилоотӣ пешниҳод шуда, арзу шикоятҳои онҳо баррасӣ карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид






