Дар Хуҷанд дурнамои тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо Олмон ва Фаронса баррасӣ шуд

Февраль 25, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорону сармоягузорон аз Олмон ва Фаронса метавонанд дар амалӣ шудани лоиҳаҳо ва нақшаҳои созанда  дар вилояти Суғд саҳми муносиб гузоранд, зеро дар вилоят фазои муносиби сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, бунёди корхонаҳои муштарак бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва технологияи муосир ба нафъи ҷонибҳо мебошад. Чунин гуфта шуд зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шугарф ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки   дар  мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Олмон ва Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид  шуд, ки дар доираи сиёсати дурнигаронаи сарони давлатҳо зарфияти мавҷудаи соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои муҳим мақсаднок истифода гардида, ҳамкорӣ тақвият бахшида мешавад.

Дар мулоқот вобаста ба рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои саноатӣ, имконияти соҳа, кишоварзӣ ва бахши сайёҳии вилояти Суғд  маълумот дода шуд. Инчунин масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф баррасӣ шуда, барои густариши равобити илмӣ изҳори омодагӣ карда шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 25, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид