Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид

Февраль 20, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз қисмҳои низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, меҳмонони ҳамоиш барои содиқона ва софдилона адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба афсарону сарбозон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Иброз гардид, ки маҳз бо шарофати талошу заҳматҳои Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон марҳила ба марҳила устувору нерумандтар мегардад. Ҳар боре сухан аз қудрату тавоноии миллат меравад, пеши назар симои ҷавонмардоне меояд, ки дар лаҳзаҳои сахту сангини миллат пушти сангарҳо нишаста, синаро сипари адолат, ҳақиқат ва фардои дурахшони миллат намуданд.

Таъкид гардид, ки имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далерию ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар мамлакат барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд. Ҳимояи амнияти давлат, оромиву суботи ҷомеа ва зиндагии осудаю заҳмати созандаи ҳар шаҳрванди мамлакат рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандию ҷавонмардонаи ҳар низомӣ, аз ҷумла афсарону сарбозони шуҷои Ватан мебошад.

Дар доираи ҳамоиш барои ҳайати шахсии қисми низомӣ дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби занону модарон таомҳои миллӣ омода ва пешкаш гардиданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Февраль 20, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад