Дар ноҳияи Муъминобод 168 километр роҳи мошингард таъмир гардид
МУЪМИНОБОД, 17.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади бехатар гардидани роҳҳо ва ба ин восита дар сатҳи баланд нигаҳ доштани онҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 168,2 км роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Аз ин шумора 142,2 км ба роҳҳои маҳаллӣ мансуб буда, 26 км он дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад. Барои таъмири роҳҳо 13 техникаи роҳсозӣ омодаи кор мебошад.
Раиси ноҳияи Муъминобод Сайвалӣ Амирзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки то ин давра 24 километр роҳҳои мошингарди Муъминобод-Геш-Чилдухтарон таъмири ҷорӣ гардида, дар шафати роҳҳои моишнгарди Муъминобод-Тутқавул-Хоҷаинур 330 бех навниҳоли сояафкан, ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд. Ҳамчунин дар нуқтаҳои зарурӣ 50 аломати бехатарии роҳҳо насб гардид.
Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорон дар ҷамоатҳои шаҳраки Чорсӯ сангфаршкунии кӯчаҳои ҷамоат ба миқдори 9,4 км, деҳаи Чашмасорон ба миқдори 8 км, Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд ба масофаи 15,1 км, деҳаи Боғгаӣ ба миқдори 9,5 км, Ҷамоати деҳоти Тутиён ба масофаи 1,5 км, Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ба миқдори 16 км, дар маҷмуъ ба миқдори 86,4 км ба маблағи 2 миллиону 748 ҳазор сомонӣ роҳҳо таъмир шуданд.
Дар ин давра бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ дар деҳаҳои Рӯдакӣ, Ободон ва Тутбоғи Ҷамоати деҳоти Тутиён 3 пули мошингард ба масофаи 24 метри мураббаъ ба маблағи 143 ҳазор сомонӣ таъмир ва сохта шуд.
Масъулини Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия тасмим гирифтаанд, ки дар давраи зимистон бо техникаҳо роҳҳоро сари вақт аз барф тоза намуда, ба роҳҳо қум ва маводи дигари зиддилағжиш пошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






